Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 7 фоиз зиёд гардидаст

Октябрь 18, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 18.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,5 миллиард сомонӣ буда, афзоиш нисбат ба соли 2024 7,4 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 66 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо 537 ҷойи кор ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат дар вилояти Хатлон аз тамоми имконият пурсамар истифода бурда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2025 зимни суханронӣ дар семинар-машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара иброз намуданд, ки «дар моҳҳои январ – апрели соли 2025 дар ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 18,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  25,2 фоиз зиёд мебошад. Аммо афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ асосан аз ҳисоби 1,9 баробар рушд кардани саноати истихроҷ таъмин гардида, суръати рушди саноати коркард ҳамагӣ 3,5 фоизро ташкил додааст. Ба рушди соҳаи саноати коркард коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ таъсири манфӣ расонидааст».

Сарвари давлат яке аз омилҳои кам гардидани истеҳсолоти саноатиро  кам гардидани истеҳсоли нахи пахта (10,8 ҳазор тонна) ва газворҳои пахтагин (1,3 миллион метри мураббаъ) ҳисобида, иброз намуданд, ки ин омили асосии коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ мебошад.

Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати саноат ва технологияҳои нав, вазорату идораҳои марбута, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки барои ташкили маҷмааҳои нассоҷӣ дар мамлакат ва бо ин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа бо арзиши баланди иловашуда ва содироти он тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавӣ дар нуҳ моҳи соли 2025 32,1 миллиард сомонӣ буда, суръати воқеии рушд 8,1 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи вилояти Хатлон дар нишондиҳандаи умумии ҷумҳурӣ 27,3 фоиз мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»