Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд

Октябрь 30, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки беш аз 25 ҳазор занону духтарон таҳти унвони  «Либоси миллӣ — нишони тамаддун ва фарҳанги миллӣ» фестивали вилоятӣ баргузор  шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фестивал бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.  Дар он беш аз 25 ҳазор занону духтарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо либосҳои миллӣ — чакан, атласу адрас роҳпаймоӣ намуданд.

Ҳамоиш бо мақсади ташвиқ ва эҳёи либосҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги тоҷикии либоспӯшӣ, ҳамчунин пешгирӣ аз паҳншавии унсурҳои бегона  доир карда шуд.

Иброз шуд, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва тарғиби арзишҳои миллӣ, аз ҷумла фарҳанги либоспӯшии тоҷикона, имрӯз ба як ҷараёни умумимиллӣ табдил ёфтааст.

Либоси миллӣ ифтихори ҳар фарди тоҷик буда, маҳз тавассути он метавон насли ҷавонро ба зебопарастӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба фарҳанги гузаштагон тарбия намуд.

«Ҳамоиш яке аз тадбирҳои гиромидошти арзишҳои асили фарҳангӣ арзёбӣ мегардад, ки ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани нақши сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ дар матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону чакандӯзон, сӯзанидӯзону чеварон ва ҳунармандони ватанӣ нигаронида шудааст», – гуфта шуд дар ҳамоиш.

Таъкид гардид, ки баргузор намудани чунин ҳамоишҳо шаҳодати равшани он аст, ки имрӯз дар ҷомеа эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанг ва мероси миллӣ рӯ ба болоравӣ дорад. Занону духтарони тоҷик бо ифтихор либоси миллии худро ба бар карда, онро на танҳо ҳамчун ҷузъи зебоии зоҳирӣ, балки рамзи асолат ва маънавияти миллӣ муаррифӣ мекунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки инчунин дар фестивал ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят намунаҳои беҳтарини ҳунари худро ба намоиш гузоштанд.

 

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид