Дар Конгресси ҷаҳонии обуҳавошиносӣ татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Огоҳкуниҳои бармаҳал барои ҳама» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Женева ҷаласаи ғайринавбатии Конгресси ҷаҳонии обуҳавошиносӣ оғоз гардид, ки ҳадафи он тавсеаи татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Огоҳкуниҳои бармаҳал барои ҳама» мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласаи ғайринавбатии Конгресси умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар радифи намояндагони 193 давлати аъзо Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода иштирок дорад.
Ҳадафи ҷаласа тавсеаи татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Огоҳкуниҳои бармаҳал барои ҳама» мебошад. Ин ташаббусро соли 2022 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш пешниҳод карда буд. Мақсади асосии ташаббус то охири соли 2027 пурра фаро гирифтани ҷаҳон бо огоҳкунии бармаҳал аст.
Ҷаласаи чаҳоррӯзаи ғайринавбатии Конгресси ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, ки ҳамзамон ба 75-солагии таъсиси Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ бахшида шудааст, 20 октябр дар сатҳи баланд ифтитоҳ ёфт. Дар он нақши муҳим ва фаврияти рисолати Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба обу ҳаво, иқлим ва захираҳои обӣ таъкид гардид.
Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ хонум Селеста Саулобо дар самти татбиқи ташаббуси «Огоҳкуниҳои бармаҳал барои ҳама» сухан гуфта, гузориши нави Созмонро оид ба дастовардҳо дар соҳаи мониторинг ва пешгӯии зуҳуроти хавфнок пешниҳод намуд.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






