Дар Минск мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор шуд

Октябрь 30, 2025 10:39

ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар доираи  Конференсияи III байналмилалии Минск оид ба амнияти АвруОсиё мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сиби Ҷорҷ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ намуда, дурнамои онҳоро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Зимни мулоқот ба таҳкими муколамаи сиёсӣ ва ҳамкории амалии судманд байни ду мамлакат таъкид карда шуд.

Ҳамзамон,  мусоҳибон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.

 АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2025 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд
Дар Лондон машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир баргузор шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрӣ бо раис ва аъзои гурӯҳи ҳамаҳизбии Парлумони Подшоҳии Муттаҳида барои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Женева дар доираи иҷлосияи 61-уми Шурои ҳуқуқи инсони СММ чорабинии канории Тоҷикистон баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Парлумони Гурҷистон мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳамватанон, донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Бошқирдистони Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми донишгоҳҳо ва илм байни Олмон ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шурои намояндагони доимӣ баргузор гардид