Дар Муъминобод 150 ҷавони даъватшаванда дар фазои тантанавӣ ба хизмати Ватан-Модар гусел карда шуданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» Рӯзи даъватшаванда баргузор шуд. Дар ин рӯз 150 ҷавони даъватшаванда дар фазои тантанавӣ ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш масъулини ноҳия иброз доштанд, ки ҳифзи оромию осоиштагии сарзамини муқаддас қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмарди баору номус ба ҳисоб рафта, Қувваҳои Мусаллаҳ сипари боэътимод ва такягоҳи давлату миллат арзёбӣ мегарданд. Маҳз бо шарофати ҷасорати касбӣ, садоқату ҷоннисорӣ ва хизматҳои афсарону сарбозон дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор буда, мардум ба таври осоишта меҳнат ва зиндагонӣ мекунанд.
Модарони даъватшавандагон зимни гусели фарзандонашон изҳор доштанд, ки «мо аввал шукронаи сулҳу амонии ҷумҳуриро мекунем, зеро файзу баракат ва ҳаёти осуда аз сулҳу субот вобастааст. Хизмат ба Ватан ва ҳифзи оромию осоиштагии сарзамини муқаддас қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард буда, Артиши миллӣ мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат ва шуҷоат ба ҳисоб меравад».
Дар фарҷоми ҳамоиш бо анъанаи «Кулчагазон»-у дуои неки волидон ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






