Дар ноҳияи Балҷувон тақдими китоби «Шоҳнома» ба 5076 оила идома дорад

Октябрь 7, 2025 09:29

ДУШАНБЕ, 07.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон тақдими китоби «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба 5076 оила идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Барои амалӣ намудани ин иқдоми фарҳангӣ дар ноҳия гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки аъзои он деҳа ба деҳа китобро ба ҳар оила мерасонанд.

Сокинон ин туҳфаи пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳсоси ифтихор ва миннатдорӣ қабул менамоянд.

Иқдоми тақдими «Шоҳнома» ба ҳар оилаи мамлакат, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ба роҳ монда шудааст, аҳамияти бузурги маънавӣ дорад. Ин амал дар ташвиқи мутолиа, арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ва таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ байни наслҳои имрӯза нақши созанда мегузорад.

То имрӯз шумораи зиёди хонаводаҳо ин китоби гаронбаҳоро дастрас намуда, тақсими он дар тамоми ҷамоатҳои ноҳияи Балҷувон идома дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 7, 2025 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид