Дар ноҳияи Темурмалик тақсими «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 28.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик тақсими шоҳасари Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ин туҳфаи арзишманди Сарвари давлат ба 19 ҳазор оилаи ноҳияи Темурмалик дастрас карда мешавад. Сокинони ноҳия иброз доштанд, ки чунин иқдом руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ аз таъриху фарҳанги ниёгонро боз ҳам баланд мебардорад.
Ёдовар мешавем, ки дар идомаи татбиқи ин ташаббус соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад. Ин озмун, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир мегардад, бо мақсади таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи осори адабии ниёгон ташкил карда мешавад.
Сарпарасти озмун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои мукофотонидани ғолибон аз Фонди захиравии Президент 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»










Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид






