Дар пойтахти Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои муҳими сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 07.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8–10 октябри соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои муҳими сатҳи баланди байналмилалӣ, аз ҷумла сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саммити роҳбарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия», ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои ИДМ баргузор мегарданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 8–9 октябри соли 2025 Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.
Дар ҷараёни сафари давлатӣ маросими гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар назар дошта шуда, музокирот дар қолабҳои «як ба як» ва бо ҳайатҳои васеъ баргузор мегарданд. Инчунин имзои ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ пешбинӣ шудааст.
Дар натиҷаи вохӯриҳо нишасти матбуотии роҳбарони Тоҷикистон ва Русия баргузор мегардад.
9 октябри соли 2025 президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия»-ро доир менамоянд. Зимни ҷаласа роҳбарони давлатҳо масоили васеи ҳамкории бисёрҷонибаро баррасӣ мекунанд.
Ҳамчунин ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар чолишҳои фаромиллӣ мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Аз натиҷаи саммит Баёния ва Нақшаи амалиёти муштарак қабул хоҳанд шуд.
10 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар «Қасри миллат» таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Саммити роҳбарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Барои иштирок дар ин чорабинӣ Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ва Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ташриф меоранд.
Роҳбарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ, аз қабили амнияти минтақавӣ ва глобалиро баррасӣ хоҳанд кард. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи гуфтугӯи сиёсӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дода мешавад.
Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил санадҳои муҳимеро, ки барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар ин қолаби бисёрҷониба мусоидат менамоянд, имзо хоҳанд кард.
Ҳамчунин 9 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои асосии тақвияти ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бар мегирад.
Роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ масъалаҳои рӯзномаи Саммити дарпешистодаи роҳбарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро муҳокима намуда, роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла таъмини амният, рушди устувор ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар арсаи байналмилалӣ мубодилаи афкор хоҳанд кард.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






