Дар шаҳри Хоруғ 13 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳри Хоруғ 13 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд. Бо фаъол гардидани онҳо теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр ба 58 адад расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Хоруғ беш аз 45 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 117,1% зиёд мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии 301 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз соли 2022 то нуҳ моҳи соли 2025 273 иншооти хурду бузург ба истифода дода шуд.
Соли равон дар шаҳр 36 иншооти ҳаётан муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки 10 адади он бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад






