Дар вилояти Суғд масъалаи насби панелҳои офтобӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 14.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи насби панелҳои офтобӣ ва рушди истеҳсоли энергияи «сабз» дар вохӯрии намоядагони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳо, таҷдиду навсозии пойгоҳҳои обкашӣ ва соҳаи энергетика мубодилаи афкор доир шуд.
Дар Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2024 истифодаи ҳатмии низоми барқи офтобӣ ҳангоми сохтмон ва таҷдиди биноҳо ба роҳ монда шудааст. Ин иқдом, аз ҷумла ба хонаҳои истиқоматӣ, маҷмааҳои варзишӣ, биноҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва ғайра дахл дорад.
Иброз шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои об то имрӯз натиҷаи хуб додааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба намояндагони Иттиҳоди Аврупо доир ба имконияту зарфияти иқтисодии вилояти Суғд, аз ҷумла дар бахшҳои кишоварзӣ ва энергетика маълумот дода шуд.
Дар вилояти Суғд бо дастгирии ташкилоти байналмилалӣ ва шарикони рушд якчанд лоиҳаҳои муҳим амалӣ гардида, тадбирҳои судманд барои рушди ҳамачонибаи иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба роҳ монда шудаанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд






