Дар Женева имкониятҳо ва мавқеи Тоҷикистон оид ба устувории энергетикӣ муаррифӣ гардид

Октябрь 3, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 03.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар шаҳри Женева  дар доираи  Ҳафтаи энергияи устувори Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои Аврупо (UNECE) чорабинии сатҳи баланд оид ба «Ҳамкорӣ дар самти энергетикаи устувор дар минтақаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA): тақвияти устувории энергетикӣ, гузариш ба энергияи сабз ва рушди ҳамкорӣ байни минтақаҳо» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария хабар доданд.

Дар  чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария,  Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева  Шараф Шерализода иштирок намуд.

Дар ҳамоиш имкониятҳои соҳа ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба устувории энергетикӣ, суръат бахшидани  гузариш ба энергияи сабз, пешбурди ташаббусҳои муштараки минтақавӣ ва ҷалби сармоягузорӣ барои инфрасохтори cоҳа муаррифӣ карда шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Октябрь 3, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд