ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват дар Тоҷикистон 78 фоиз иҷро гардид

Октябрь 13, 2025 14:37

ДУШАНБЕ, 13.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 10 октябр иҷрои нақша дар Тоҷикистон 78 фоизро дар бар гирифта, қариб 30 шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре қаблан хабар додем, шуруъ аз 1 октябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 августи соли 2025 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати навбатии ҷавонписарон ба сафи Артиши миллӣ муташаккилона идома дорад.

Дар ин радиф бо оғоз гардидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.

Ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод низ дар рӯзи нахустини ин чорабинии муҳими сиёсӣ нақшаи пешбинишударо оид ба гусели ҷавонписарони синни даъватӣ сад фоиз ба анҷом расониданд.

Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти давлатии вобаста ба даъват дар вилояти Хатлон аст, ки дар 10 рӯзи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ноҳияҳои Вахш, Балҷувон, Ховалинг, Норак, Ёвон, Фархор, Хуросон, Левакант, Бохтар, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Шаҳритус ва Ҷайҳун аз анҷоми даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд.  Иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 91 фоизро ташкил медиҳад.

Бо ҳамин тартиб, нақшаи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон давоми 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар вилояти Суғд 64 фоиз иҷро гардида, масъулини мақомоти давлатии вобастаи даъват дар ноҳияи Айнӣ нақшаи пешбинигардидаро пеш аз муҳлат пурра иҷро намуданд.

Бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ҳамарӯза ҷавонони пойтахт низ чун дигар сокинони сарбаланду шарафманди мамлакат ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти хеш ҳозир гардида, барои хизмат ба халқу Ватан дар сафи Артиши миллӣ изҳори омодагӣ менамоянд. Ин аст, ки иҷрои нақшаи даъват дар шаҳри Душанбе ба 71 фоиз баробар гардидааст.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 13, 2025 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст
ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон зиёда аз 26 тонна маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии омилҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲИ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир шуд
Агар бо ҳолати фавқулода рӯ ба рӯ гардем, бояд ба куҷо муроҷиат намоем?
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон