ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ноҳияи Вахш дар рӯзи аввал иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш ба муносибати гусели нахустин гурӯҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо иштироки масъулини мақомоти давлатӣ, фаъолон, даъватшавандагон ва волидони онҳо таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» барномаи бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш хабар доданд.
Иброз гардид, ки маҳз тавассути хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ ҷавонон обутоб меёбанд ва ҳамчун мардони шуҷои Ватан ба камол мерасанд. Дар баробари ин донишу малакаи сиёсии худро баланд бардошта, ҳифзи марзу бум ва замини Тоҷикистонро барои худ шараф ва ифтихор медонанд.
Дар ин рӯзи фараҳбахш ҷавонони ноҳияи Вахш ихтиёран ба комиссариати ҳарбии ноҳия омода, иброз намуданд, ки мехоҳанд қарзи шаҳрвандии худро дар назди давлату миллати тоҷик иҷро намоянд. Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ чанд маротиба беҳтар гардидааст. Ин аст, ки ҷавонон бо руҳу илҳоми қавӣ хизмати ҳарбиро адо намуда, сарбаландона ба назди волидонашон бармегарданд, ки ин боиси ифтихору сарфарозии падарону модарон мегардад.
Дар идомаи ҳамоиш даъватшавандагон ва волидони онҳо низ дар мавзуи хизмат ба Ватан-Модар изҳори андеша намуда, ҷавононро ба ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва садоқатмандӣ даъват намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш










Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






