Деҳқонони ноҳияи Сангвор беш аз 11 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ намуданд

Октябрь 26, 2025 16:20

САНГВОР, 26.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Сангвор   то имрӯз зиёда 2430 тонна ғалладона, 384 тонна сабзавот, 27 тонна зағир ва 11 ҳазору 520 тонна картошка ҷамъоварӣ намуданд.

Муовини якуми Раиси ноҳияи Сангвор Муҳаммадсолеҳ Муҳаммадизода    ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд гуфт, ки «имсол картошкапарварони ноҳия дар заминҳои хаҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар 800  гектар картошка кишт намуданд. Деҳқонон кӯшиш доранд, ки ҳосилро беталаф ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд. Хушбахтона, барои сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили картошка ситоди ноҳиявӣ таъсис ёфта, зиёда аз 50 техника ва механизми кишоварзӣ барои кандану ҷамъоварии картошка дар  ҷамоатҳои  деҳот фаъол аст. Ин имкон медиҳад, ки деҳқонон ҳосили картошкаро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд».

Мувофиқи маълумоти шуъбаи кишоварзии ноҳияи Сангвор, дар сохтори кишоварзӣ  дар 330 гектар зироати ғаладонагӣ,  83 гектар сабзавот,  24 гектар зироати техникӣ, 67 гектар лӯбиёгиҳо ва дар 10 гектар хӯроки чорво кишт карда шудааст. То имрӯз майдони умумии кишти ин зироат  пурра  ҷамъоварӣ гардидааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор

Октябрь 26, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид