«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». 8 санади ҳамкорӣ оид ба рушди инноватсия ва рақамикунонии соҳа ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 15.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest–2025» Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он бо якчанд ширкати бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳашт санади муҳими ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ ба имзо расониданд.
Тавре аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин санадҳо ба самтҳои калидии рушди иқтисоди рақамӣ, густариши инфрасохтори интернет, татбиқи технологияи 5G, такмили маорифи рақамӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ равона гардидаанд.
Аз ҷумла, байни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Узбекистон барои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи рақамикунонӣ ва инноватсия санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Бо мақсади таъсиси консорсиуми миллии 5G байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи операторони мобилӣ- «Индиго Тоҷикистон», «ТТ Мобайл», «Вавилон М», «Таком» ва «Тоҷиктелеком» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Инчунин байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком», «Pakistan Telecommunication Company Limited» (PTCL) ва «Afghan Wireless Communication Company» (AWCC) шартномаи тиҷоратӣ ба имзо расид. Ин шартнома дар соҳаи алоқаи байналмилалӣ барои ворид намудани трафики интернет тавассути Покистон мусоидат мекунад.
Ҳамчунин бо ширкатҳои «Eutelsat Group», «Huawei Technologies Tajikistan» ва ширкати олмонии «ROHDE & SCHWARZ GmbH & Co. KG» ёддошту протоколҳои ҳамкорӣ дар самтҳои иртиботи моҳворавӣ, таҳкими амнияти иттилоотӣ ва таъсиси Маркази миллии радиомониторинг ба маблағи 15 миллион евро ба имзо расиданд.
Бо мақсади дастрасии шабакаи интернети глобалии моҳворавӣ дар мамлакат бо ширкати «Starlink Tajikistan» Созишномаи литсензионӣ ба имзо расид.
Байни «Сбербанк России» ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар бораи таъсиси мактаби барномасозии «ШКОЛА 21» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Ба имзо расидани чунин ин санадҳо дар рушди инфрасохтори рақамӣ, беҳсозии сатҳу сифати хизматрасонии интернетӣ ва тавсеаи ҳамкории технологӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои шарики байналмилалӣ қадами муҳими стратегӣ ба ҳисоб меравад.
АКС: АМИТ «Ховар»








ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид






