«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Иштирокдорони форуми байналмилалӣ ба шаҳрҳои Норак ва Роғун сафар менамоянд

Октябрь 16, 2025 09:53

ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз барои иштирокдорон ва меҳмонони Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025», ки таҳти унвони «Иқтисоди «сабз»: имконияти имрӯз барои устувории фардо» 14 октябр дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, иншооти бузурги обию энергетикӣ ва корхонаҳои саноатӣ сайр ташкил карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Меҳмонон ва иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» ба шаҳрҳои Роғун ва Норак рафта, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти азими аср- Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мегарданд.

Инчунин Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор, маконҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе ва корхонаҳои истеҳсолию саноатии пойтахтро тамошо менамоянд.

Ҳадафи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» муаррифии имконоти сармоягузории «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС:Dushanbe-travel

Октябрь 16, 2025 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон дар самтҳои рушди ҳукумати электронӣ, таҳияи платформаҳо ва ҳамгироии рақамӣ ба мувофиқа расиданд
Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир баргузор гардид
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуданд
Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия: «Таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи НБО-и «Роғун» шоистаи таҳсин аст»
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Соҳибкор аз Аморати Муттаҳиддаи Араб Марям Алшинасӣ: «Тоҷикон воқеан мардуми меҳмоннавоз, самимӣ ва дорои таъриху фарҳанги қадимӣ мебошанд»
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ се протокол ва ду ёддошти тафоҳум ба имзо расид
«ШАҲРҲОИ ОЯНДА: БЕХАТАР, САБЗ ВА ҲУШМАНД». Дар ҷаласаи махсуси Форуми «Dushanbe Invest – 2025» 17 созишнома ва ёддошти тафоҳум ба имзо расид
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Барои меҳмонону иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ барномаи рангини фарҳангӣ доир карда шуд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Дар маҷмуъ 52 санад ба маблағи беш аз 4 миллиард доллар ба имзо расид
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Аз рӯи натиҷаҳои Форуми байналмилалии сармоягузорӣ нишасти матбуотӣ доир шуд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Ҷаласаи калидӣ дар «Душанбе-Инвест-2025»