«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Соҳибкор аз Аморати Муттаҳиддаи Араб Марям Алшинасӣ: «Тоҷикон воқеан мардуми меҳмоннавоз, самимӣ ва дорои таъриху фарҳанги қадимӣ мебошанд»
ДУШАНБЕ, 16.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шоми 15 октябр дар Боғи Куруши Кабири пойтахт барои меҳмонону иштирокдорони ин чорабинии сатҳи баланд намоишгоҳи ҳунарҳои дастӣ ва хӯрокҳои миллӣ, инчунин барномаи рангину ҷолиби консертӣ ташкил гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Нахуст меҳмонону иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» бо намоишгоҳи молу маҳсулот, ҳунарҳои дастӣ, хӯрокҳои миллӣ, расму ойинҳои мардуми тоҷик, анъанаҳои миллии тоҷикӣ ва ҳамзамон маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ки дар маърази тамошо буданд, шинос гардиданд. Меҳмонон ба таомҳои миллӣ, маҳсулоти нонию қаннодӣ, кулчақандҳо ва дигар хӯрокҳои тоҷикӣ, ки дар ин ҷо пешниҳоди онҳо гардонида шуд, баҳои баланд доданд.
Яке аз меҳмонони ин чорабинии сатҳи баланд, соҳибкор аз Аморати Муттаҳиддаи Араб хонум Марям Алшинасӣ таассуроти худро баъд аз тамошои намоишгоҳи ҳунарҳои дастӣ ва тамомҳои миллӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт, ки «тоҷикон воқеан мардуми меҳмоннавоз, самимӣ ва дорои фарҳангу тамаддуни ғанӣ мебошанд. Бахусус фарҳанги либоспӯшии занону духтарони тоҷик, хусусан пироҳанҳои пур аз нақшу нигори аз матою риштаҳои табиӣ ва абрешимӣ омодагардида ва кокулҳои дарози духтарони тоҷик маро хеле мафтун намуд. Тоҷикистон воқеан сарзамини хеле зебост. Манзараҳои дилнишини он, хусусан кӯҳҳои баландаш, ки шаҳри Душанбе дар иҳотаи онҳо қарор дорад, хеле назаррабост».
«Пойтахти Тоҷикистон, ки ман зимни фаъолияти соҳибкорӣ зуд –зуд ба ин ҷо меоям, солҳои охир хеле пешрафта гардидааст. Ин раванди ободонию созандагӣ бозгӯйи он аст, ки роҳбарияти Тоҷикистон, хусусан шаҳрдори Душанбе дар самти пешрафту ободонии Тоҷикистон ва пойтахти он тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Инчунин дар шабҳангом доир намудани барномаҳои гуногуни консертӣ ва сайругашти озодонаи шаҳрвандону меҳмонон дар шаҳр далели он аст, ки Душанбе яке аз шаҳрҳои амнтарини дунёст»,- афзуд Марям Алшинасӣ.
Меҳмонону иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» аз тамошои барномаи рангини консертӣ ба ваҷд омада, зери суруду мусиқии тоҷикона кафкӯбӣ намуда, дар майдон рақсиданд.
Ҳамчунин шоми 16 октябр дар Боғи Куруши Кабир бахшида ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» ва Рӯзи соҳибкорон бо иқдоми Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи жанри эстрадаи Тоҷикистон ва Русия доир карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз 14 то 16 октябр шаҳри Душанбе мизбони чорабинии сатҳи баланди иқтисодӣ- Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» мебошад. Дар форум ҳайатҳои баландпояи ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ, сармоягузорону соҳибкорон ва коршиносон иштирок доранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди хати интиқоли барқ дар Тоҷикистон Созишномаи молиявии грантӣ ба имзо расид
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст
Ба иқтисоди Тоҷикистон соли 2025 қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид
Ҳайати Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷаласа доир ба татбиқи методологияи «Таҳқиқоти вақти иҷозати мол» иштирок намуд
Ҷаласаи миллӣ оид ба таҳияи дастурамалҳои рушди устувори гидроэнергетикаи хурд баргузор шуд
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар муқовимат ба коррупсия густариш меёбад
Дар шаҳри Остона масоили омодагӣ ба Саммити минтақавии экологӣ баррасӣ гардид
Соли 2025 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллиарду 295,6 миллион доллар молу маҳсулот ворид карда шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид






