Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 15.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр бо мақсади густариши ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ ва тақвияти робитаҳои байналмилалӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Санади мазкур аз ҷониби директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва муассиси Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Сунил К.С. ба тасвиб расид.
Мақсади Ёддошти тафоҳум фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ва амалии ҳамкорӣ, ҳифзи робитаҳои мунтазам ва рушди муносибатҳои судманд байни ду муассисаи таҳлилӣ мебошад.
Дар доираи ёддошт ҷонибҳо ба ташкили чорабиниҳои муштарак, аз ҷумла семинарҳо, ҳамоишҳо ва барномаҳои таҳқиқотӣ, инчунин табодули мутахассисон ва коршиносон дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисод ва тиҷорати байналмилалӣ авлавият медиҳанд. Мубодилаи адабиёт ва нашрияҳои илмӣ низ дар назар аст.
Имзои Ёддошти ҳамкорӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи илмӣ байни Тоҷикистон ва Непал арзёбӣ мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






