Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» оғоз гардид

Октябрь 4, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 04.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки маросими ҷоизасупорӣ дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ доир мегардад. Соли ҳафтум аст, ки бо Амри Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмун баргузор мешавад. Имсол маблағи озмун ду баробар зиёд гардида, имрӯз 116 нафар ғолибони даври ҷамъбастӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб ҷараён дошта, мақсади он муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.

Пеш аз муаррифии ғолибони номинатсияҳо беҳтарин оҳангу суруди иштирокчиён пешниҳод гардид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ғолиби асосӣ — соҳиби Шоҳҷоиза бо 100 ҳазор сомонӣ ва ғолибони дигар жанрҳо- ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо 70 000 сомонӣ, 50 000 сомонӣ ва 30 000 сомонӣ, Диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Озмун ҳафт  сол боз доир шуда, ҳар номинатсияи он фарогири се жанр- академӣ, эстрадӣ ва анъанавӣ мебошад. Дар ҳар номинатсия довталабони синни аз 12 то 17 — сола ва аз 18 то 40 — сола иштирок карда, дар ҳар жанр барои як ҷойи якум, ду ҷойи дуюм ва ду ҷойи сеюм рақобат намуданд. Дар номинатсияи композиторӣ довталабони аз 18 то 40 – сола иштирок намуданд.

Тибқи Низомнома, озмун имсол аз рӯйи панҷ номинатсия: оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн доир гардид. Имсол иштирокчиёни номинатсияи сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн ба чунин синну сол ҷудо гардиданд: аз 12 то 17-сола ва аз 18 то 35-сола. Дар номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ танҳо нафарони аз 18 то 35-сола иштирок намуданд.

Озмун дар се давр доир гардид: даври якуми он моҳи апрели имсол дар маркази шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм моҳи июн дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври сеюми озмун дар нимаи дуюми моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври сеюми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин омӯзгороне, ки шогирдони худро дар раддабандии синнусолии аз 12 то 17-сола аз даври якум то даври сеюми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ соҳиби Шоҳҷоиза мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 4, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

27 октябр Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ҷамъбаст гардид
Шаҳри Панҷакент расман «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» эътироф гардид
Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
КИТОБ-МУАРРИФИ ДАСТОВАРДҲОИ АДИБОН. Бардошт аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»
Байни «Тоҷикфилм» ва шаш киностудияи кишварҳои ИДМ ва хориҷи наздик Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид