Машқҳои неруҳои дастҷамъии посдори сулҳи СААД барои аз байн бурдани манбаъҳои таҳдидҳои биологӣ анҷом ёфт

Октябрь 23, 2025 09:40

ДУШАНБЕ, 23.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар тамрингоҳи Фахрободи гарнизони Хатлон дар доираи машқҳои махсуси «Монеа-2025» Неруҳои дастҷамъии посдори сулҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ барои аз байн бурдани манбаъҳои таҳдидҳои биологӣ машқҳои амалӣ анҷом доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати шахсии иштирокчиёни машқҳо оид ба безараргардонии гурезаҳое, ки ба лагер меоянд, бо истифода аз воситаҳои нақлиёт ва дастгоҳу таҷҳизоти ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ амалҳои гуногунро иҷро намуд.

Ҳадафи асосии машқҳои махсуси «Монеа-2025» иҷрои супоришҳои муштарак аз ҷониби мутахассисони неруҳои иштирокчӣ ва ёрии тиббии мақомоти салоҳиятдор, инчунин ташкили ҳамкории мутақобил бо ниҳодҳои миллии ваколатдор оид ба вокуниш ба доираи фарогирӣ ва пешгирии бемориҳои хатарноки сироятӣ мебошад.

Ба ҳайати муштарак мутахассисони қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дохил мебошанд. Маротибаи аввал дар машқҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мошини разведкаи кимиёвии РГМ-8, ки бар заминаи зиреҳпӯши «Тигр» асос ёфтааст, истифода шуд. Он бо навтарин дастгоҳҳои разведкаи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 20 то 24 октябр дар тамрингоҳи Фахробод марҳилаи фаъоли машқҳои муштарак бо қувваҳои сулҳҷӯёнаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таҳти унвони «Бародарии шикастнопазир-2025» идома меёбад.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 23, 2025 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад