Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия дар Осорхонаи миллӣ бо фарҳанги қадимаи миллати тоҷик аз наздик шинос гардид
ДУШАНБЕ, 11.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Саммити сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик аз наздиқ шинос гардид. Меҳмонро дар сайри осорхонавӣ Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода ҳамроҳӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷараёни баргузории сайри осорхонавӣ меҳмонон бо давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, ёдгориҳои нодири он ва шоҳкориҳои мусаввирони тоҷик аз наздик ошно гардиданд.
Пас аз тамошо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро оид ба таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик сабт намуд.
Дар охир аз ҷониби роҳбарияти Осорхонаи миллӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ ба меҳмон туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид






