Намояндаи Тоҷикистон дар Конференсияи III байналмилалии Минск оид ба амнияти АвруОсиё иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар пойтахти Беларус ҷаласаи пленарии Конференсияи III байналмилалии Минск оид ба амнияти АвруОсиё баргузор шуд, ки дар он муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласа иброз дошт, ки таҳкими эътимод, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии бисёрҷониба омили муҳим дар таъмини сулҳи пойдор ва суботи устувор дар фазои АвруОсиё ва дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад.
Фаррух Шарифзода ёдовар шуд, ки ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» ва ташаббуси эълони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба манфиати наслҳои оянда» дорои аҳамияти саривақтӣ ва фарогири ҷаҳонӣ мебошанд.
Инчунин таъкид гардид, ки ин ташаббусҳо ба муттаҳидсозии кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалӣ баҳри таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо, тақвияти амнияти глобалӣ ва пешбурди фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод равона шудаанд.
Баён шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд бо ҳамаи шарикони минтақавӣ ва байналмилалӣ омода мебошад ва минбаъд низ дар таҳкими суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми фаъол хоҳад гузошт.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд






