Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ,28.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Конференсияи байналмилалии илмии «Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф: вазъият ва дурнамо» бо иштироки олимону муҳаққиқони Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки илм ва маориф қувваи пешбарандаи пуриқтидор мебошанд, ки устувории миллӣ, рушди иқтисодӣ ва ғановати маънавии ҷомеаро ташаккул медиҳанд. Дар Тоҷикистон ҳамеша хуб дарк менамоянд, ки бе илм пешрафт имконнопазир аст ва бе маориф оянда вуҷуд надорад.
Таъкид гардид, ки халқи мо аз азал олимон, донишмандон ва маърифатпарваронро эҳтиром менамуд. Мо бо ифтихор анъанаҳои Ибни Сино, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ ва дигар донишмандонеро идома медиҳем, ки бо ақлу хирад ва инсондӯстии худ харитаи зеҳнии ҷаҳонро шакл додаанд. Дар ҳамин роҳи таърихӣ Русия ҳамеша шарики наздик, дӯсти боэътимод ва ҳамсафари мо дар роҳи маърифат ва созандагӣ будааст ва боқӣ мемонад.
Гуфта шуд, ки ҳазорон донишҷӯён, аспирантон ва мутахассисони ҷавони мо дар донишгоҳҳои бонуфузи Русия таҳсил намуда, технологияҳои муосир, усулҳои илмӣ ва равишҳои нави педагогиро меомӯзанд. Ҳамзамон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ҷавонони рус таҳсил мекунанд, ки ба фарҳанг, забон ва таърихи ҷумҳурии мо таваҷҷуҳ доранд.
Дар идома Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев, ҷонишини директори Институти тадқиқоти илмии тараққиёти алоқа Валентина Комлева ва дигар олимону муҳаққиқон дар бораи дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои ҳамкории илмӣ маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки робитаҳои илмии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия решаҳои амиқи таърихӣ доранд. Ҳанӯз аз даҳаҳои аввали асри XX олимони тоҷик ва рус дар паҳлӯи ҳам барои таҳқиқи захираҳои табиӣ, мероси фарҳангӣ, таърих ва забони халқи мо заҳмат мекашиданд.
Рушди илму маориф омили муҳими таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии байни ду давлат мебошад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд






