Ғолибони Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 15.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи соҳибкорон ва Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо дар шаҳри Душанбе маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.
Зимни ҳамоиш барои минбаъд низ беҳтар намудани сифату рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисоди мамлакат изҳори назар карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки барои баргузории озмун аз моҳи май то моҳи июл корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ бурда шуданд. Барои иштирок дар ин озмун дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 364 корхона ва ташкилоти хизматрасон дархост пешниҳод намуд.
Озмун дар ду давр гузаронида шуда, даври вилоятию минтақавӣ моҳи май ба анҷом расиданд. Аз шумораи умумии дархостдиҳандагон тибқи баҳогузории комиссияи вилоятии минтақавӣ 116 корхонаю ташкилот ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфт.
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»








Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид






