Президенти Тоҷикистон: «Бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ»

Октябрь 5, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 05.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Қарзи фарзандӣ, рисолати инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар кадоми мост, ки забони шаҳдбори миллату давлатамонро сидқан ва мисли модари худ дӯст дорем, зеро он забони модарии мо мебошад, бояд онро эҳтирому эҳтиёт кунем ва ҳамеша дар андешаи поку беолоиш нигоҳ доштани он бошем. Чунин таъкид намудаанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи эҳтиром ба забони давлатӣ.

— Ҳамасола 5 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад, ки мақсади он ҳифзи забон ва арҷ гузоштан ба забони давлатӣ мебошад. Дар робита ба баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ ва рушду ҳифзи он дар раванди ҷаҳонишавӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват менамоянд, ки бояд соҳибзабонон ин лафзи ширинро ҳамеша пос дошта, тоза нигоҳ доранд. Дар рӯзи ҷашни забон чанде аз суханҳои Сарвари давлатро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

***

Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад. Аз ин рӯ ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шаккарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам.

***

Бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурғановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир кардааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ навишта ва эҷод шудаанд.

***

Забони давлатӣ, ки дар умқи таърих реша дорад, зери ҳимояи бевоситаи давлат қарор дошта, барои рушду пешрафт ва истифодаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳама шароиту имконият муҳайё мебошад.

***

Забони давлатӣ ба ғамхорию пуштибонии доимӣ на танҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат, балки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кулли сокинони мамлакат ниёз дорад, зеро рушди пайваста ва ҳамаҷонибаи он рамзи устуворию пойдории давлат ва истиқлоли сиёсии мо дар замони пурошӯби имрӯза мебошад.

***

Мо, хушбахтона, забони адабии ширину шевое дорем, ки аз рӯзгори Сомониён то ба имрӯз асолати худро нигоҳ доштааст.

***

Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар халқу миллат ба шумор меравад.

***

Мо бояд забони адабии тоҷикиро хуб донем ва омӯзиши забонҳои хориҷиро дар заминаи забони модарӣ ба роҳ монем.

***

Забони модарии мо — забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати давоми ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад.

***

Мо бояд барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намоем, барои ғанию рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш кунем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем.

***

Тоҷикон дар байни халқу миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардумони соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз доштаанд, шеъри оламгири Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо шоирону адибони гузаштаро имрӯз низ озодона мефаҳманд ва дар гуфтугӯи ҳаррӯзаашон истифода мекунанд.

***

Забони тоҷикӣ бо назардошти собиқаи тӯлонии таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ дар мақоми забони давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро ҳифз намояд.

***

Мо бояд ба масъалаи омӯзонидани забон ба фарзандонамон аз оила ва муассисаҳои томактабӣ сар карда, то дигар зинаҳои таҳсил эътибори аввалиндараҷа диҳем ва ба кӯдакон аз хурдӣ талқин намоем, ки донистани забони модарӣ нишонаи эҳтиром ба миллат, Модар – Ватан ва ифтихори милливу ватандӯстӣ шуморида мешавад.

***

Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон намоям, ки сатҳи забондонии наврасону ҷавонони иштироккунандаи озмунҳои гуногун, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хеле хуб ва умедворкунанда мебошад.

***

Миллате, ки забони модариашро фаромӯш мекунад ё аз даст медиҳад, бо мурури замон дар майдони таърих аз он нишоне боқӣ намемонад.

***

Мо бояд ба қадри ин бахти бузург расем, забонамонро, ки аз модарамон ёд гирифтаем, мисли модари худ дӯст дорем, онро эҳтиёт кунем, барои тозаву беолоиш ва ботаровату зебо нигоҳ доштани он ҳамеша ва дар ҳар ҷойе, ки бошем, талош намоем.

***

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардидаанд. Маҳз дар ҳамин давра забони тоҷикӣ дар бахтномаи миллат – Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид.

***

Омӯзгорони забону адабиёти тоҷикӣ, падару модарон ва аҳли зиё вазифадоранд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва махсусан, сайқал додани фарҳанги муоширати наврасону ҷавонон мусоидат карда, ба риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ ва одоби сухангӯӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми раванди таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

***

Забони тоҷикӣ давоми асрҳои зиёд ба сифати омили ваҳдатсозу муттаҳидкунанда хизмат карда, имрӯз низ ба мардуми мо барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафту ободии Ватани аҷдодӣ илҳому неру мебахшад.

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон Латофат Кенҷаева баргузор гардид
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ЛАТИФУ НАФИС ВА ГУВОРО. Ҷойгоҳи он дар таҳкими мафҳумҳои иқтисодӣ назаррас аст
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2025 муайян карда шуданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Осорхонаи таърихи тиҷорати Гунди Шопури Эрон намоиши осори замони Сомониён ташкил мегардад
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» оғоз гардид
Нишасти Платформаи шарикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА доир шуд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» баргузор гардид
Забони тоҷикӣ садсолаҳост рафтори нек, гуфтори неку пиндори некро таблиғ менамояд, — бардошт аз конференсияи ҷумҳуриявӣ
Пагоҳ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ». Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Маликшо Неъматзода: «Имрӯзҳо бо забони тоҷикӣ зиёда аз 150 миллион нафар одамон дар як қатор кишварҳои олам муошират менамоянд»
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад