РӮЗИ ҶАҲОНИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Барои пешгирӣ аз пайомадҳои офатҳои табиӣ шаҳрвандон низ бояд масъулиятшинос бошанд.

Октябрь 13, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 13.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 13 октябрро Рӯзи умумиҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ эълон намудааст. Ҳадаф аз эълони ин сана — баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолии ҷаҳон, мусоидат ба фарҳанги ҷаҳонии коҳиши хатарҳо ва эътирофи пешрафтҳо дар самти коҳиши талафоти инсонӣ ва иқтисодӣ мебошад. Ин сана ба давлатҳо, ташкилоти байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳушдор медиҳад, ки барои таҳкими иқтидори миллии муқовимат бо офатҳои табиӣ ва ноил шудан ба рушди устувор ҳамкории худро тақвият бахшанд.

Коршиносон иброз медоранд, ки давлат дар танҳоӣ наметавонад ҳама пайомадҳои офатҳои табииро кам кунад. Дар ин самт ҳар шаҳрванд бояд масъулияти шахсӣ ва иҷтимоии худро эҳсос намояд. Огоҳӣ, омодагӣ, иттилоърасонии саривақтӣ ва риояи тавсияҳои мақомот заминаҳои асосии ҳифзи ҷони одамон ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошанд.

Дар замони муосир тағйирёбии иқлим, зиёдшавии аҳолӣ ва фишори антропогенӣ ба муҳити зист рӯ ба афзоиш буда, офатҳои табиӣ ба яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти инсон ва рушди устувор табдил ёфтаанд. Афзоиши мунтазами шумораи ҳолатҳои фавқулода дар ҷаҳон зарурати густариши ҳамкории байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи муштараки усулҳои наву муосир ва механизмҳои нави ташкил ва гузаронидани тадбирҳои огоҳсозандаро тақозо менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббускорони асосии масъалаҳои марбут ба об, иқлим ва устувории экологӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Сарвари давлат аз минбари баланди созмонҳои ҷаҳонӣ чандин маротиба ташаббусҳои муҳими байналмилалиеро пешниҳод намудаанд, ки ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ алоқаманд мебошанд. Аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт»» (2005–2015), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»» (2018–2028) ва «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (2025).

Ин ташаббусҳо аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, ба таври расмӣ мавриди амал қарор гирифтанд. Ҳадафи онҳо таъмини дастрасӣ ба об, коҳиши хатари офатҳои табиӣ, пешгирии офатҳо ва ҳифзи муҳити зист мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо чунин таъкид намуданд: «Зиёдшавии офатҳои табиӣ, аз ҷумла обхезиҳо, сел, тарма, хушксолӣ ва обшавии босуръати пиряхҳо моро водор месозад, ки ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалиро барои пешгирӣ ва кам кардани пайомадҳои ин хатарҳо тақвият бахшем».

Ин суханон моро водор месозанд, ки масъалаи коҳиши хавф ва муқовимат ба офатҳои табиӣ дар маркази диққати сиёсати хориҷӣ ва дохилии мамлакат қарор дорад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон якчанд қарору қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ барои паст кардани хатари офатҳои табиӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд.

Бо мақсади пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола маблағҳои назарраси буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷудо менамояд. Қисми зиёди ин маблағҳо ба самтҳои кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн, расонидани кумакҳои моддӣ ба осебдидагон, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва барқарорсозӣ, мониторинги пиряхҳо, кӯлҳо ва дигар манобеи табиии хатарзо ва гузаронидани машғулияти омӯзишӣ барои аҳолии осебпазир равона мегардад.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар нуҳ моҳи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 246 ҳодиса ва ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 83 ҳолати селфароӣ, 51 ҳолати тармафароӣ, 23 ҳолати сангрезӣ, 26 заминларза, 18 ҳолати боронҳои шадид, 18 ҳолати шамоли сахт, 7 ҳолати ярч, 14 ҳолати баландшавии сатҳи об дар рӯдхонаҳо, 4 ҳолати раъду барқ, 1 ҳолати бориши зиёди барф ва 1 ҳолати хунукии шадид ба қайд гирифта шуд.

Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамарӯза дар мактабҳо, муассисаҳо, маҳалҳо ва байни гурӯҳҳои осебпазир – кӯдакон, занон, пиронсолон ва шахсони маъюб машғулияти махсус мегузаронанд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 13, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад