Роҳҳои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон ва Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуданд

Октябрь 3, 2025 09:36

ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон ва Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия 2 октябр дар шаҳри Ереван зимни вохӯриҳои директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Арманистон Анна Вардапетян ва муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Сергей Хмарук баррасӣ шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, зимни вохӯриҳо самтҳои фаъолияти ҳамкорӣ байни мақомоти дахлдор баррасӣ шуда, дурнамои муносибатҳо барои солҳои оянда муҳокима гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкорӣ, ки ба таҳкими муқовимат ба коррупсия ва таъмини амнияти иқтисодӣ мусоидат мекунад, изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои тавсеаи он дар оянда иброз доштанд.

Изҳори итминон карда шуд, ки идомаи ҳамкории судманд ба густариши муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо мусоидат намуда, дар тақвияти муқовимат ба коррупсия нақши муҳим хоҳад бозид.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 3, 2025 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид