Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии «Тоҷи Сомон»-ро коргардони тоҷик Муҳиддин Музаффар соҳиб шуд

Октябрь 19, 2025 21:32

ДУШАНБЕ, 19.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон»  баргузор гардид, ки дар он «Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ» ба коргардони тоҷик Муҳиддин Музаффар барои филми «Моҳӣ дар шаст» дода шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни маросими ҷоизасупории синамоҷашнвора синамогарон аз Эрон, Беларус, Озарбойҷон, Узбекистон, Қирғизистон, Русия, меҳмонон ва дӯстдорони синамои тоҷик иштирок намуданд.

Дар оғоз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Синамоҷоизаи байналмилалии «Тоҷи Сомон» бо роҳнамоӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Синамоҷашнвора бо мақсади ба таври шоиста муаррифӣ намудани манфиатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати созанда, тавсифи табиати зебои диёр, ҷалби сайёҳон, дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи синамо дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад.

Ҳамин тавр ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» ба Алексей Герман аз Русия барои филми «Ҳаво», ҷоизаи «Беҳтарин наворбардор» ба Константин Бесаҷе аз Беларус барои филми «Қасри сиёҳ», ҷоизаи «Беҳтарин оҳангсоз» ба Фарзин Халакбар аз Эрон барои филми «Моҳӣ дар шаст», ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» ба Алтаншагай Ганбаатр аз Муғулистон барои филми «Падар», ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона» ба Анастасия Тализина аз Русия барои филми «Ҳаво» ва ба Таҳмина Раҷабова аз Тоҷикистон барои филми «Хоби сурх» дода шуд.

Инчунин ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» ба филми кӯтоҳи «Занги шомгоҳӣ»-и коргардони қирғиз Саодат Казакбаева, ҷоизаи махсуси ҳакамон барои филми қазоқии «Шаҳрвандони бом», ба Гулшод Сумангулова, ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин ба филми «Шаҳзода»-и Иван Маниев аз Молдова ва ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе «Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография» ба Турахон Аҳмадхонов аз Тоҷикистон тақдим гардид.

Ҷоизаи «Синамо бидуни марз» ба филми «Духтари капитан»-и коргардони рус Лариса Садилова барои саҳм дар рушду таҳкими дӯстии халқҳо ва хамкории синамогарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз байни 300 дархости пешниҳодшуда 150 филм мавриди омӯзиш ва тамошо қарор гирифта, 16 филми ҳунарии пурра ва 20 филми ҳунарии кӯтоҳ барои иштирок ва рақобат дар озмунҳои синамоҷашнвора иштирок намуданд.

Филмҳои пешниҳодшуда аз Русия, Эрон, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Туркия, Беларус, Молдова, Индонезия ва Муғулистон буданд.

Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» дар ду сол як маротиба ҳамчун рӯйдоди байналмилалии фарҳангӣ барои сокинон ва меҳмонони пойтахт баргузор карда мешавад. Барномаи синамоҷашнвора озмуни филмҳои ҳунарии пурра ва озмуни филмҳои ҳунарии кӯтоҳ, барномаи ғайриозмунии филмҳо ва намоиши филмҳои классикиро фаро мегирад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 19, 2025 21:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд