Сокинони ноҳияи Ховалинг соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома» мегарданд

Октябрь 13, 2025 11:10

ДУШАНБЕ, 13.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавӣ — «Шоҳнома» ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон расид. Дар доираи ин иқдоми маънавию маърифатпарварона дар 5 ҷамоати ноҳия ба 7833 оила нусхаҳои ин китоби таърихию адабӣ тақдим мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тақсими шоҳасар бо иштироки намояндагони Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулони соҳаҳои маорифу фарҳанг ва фаъолони ҷомеа ба роҳ монда шуда, сокинон ин иқдоми Пешвои миллатро ҳамчун рамзи таваҷҷуҳи давлат ба фарҳанг, адабиёт ва худшиносии миллӣ бо эҳсоси ифтихору сипос пазируфтанд.

Ин иқдом ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Он бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт оғоз ёфта, ҳоло дар тамоми гӯшаву канори мамлакат идома дорад.

Сокинони ноҳияи Ховалинг ҳангоми соҳиб шудан ба туҳфаи Сарвари давлат изҳор доштанд, ки «Шоҳнома» ҳамчун мактаби бузурги хирад ва мардонагӣ барои ҳар хонанда манбаи ифтихор аз гузашта ва илҳомбахш барои оянда мебошад. Онҳо иброз намуданд, ки Пешвои миллат бо ин иқдоми беназир дар таҳкими худшиносӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ боби тозае боз намуданд.

Ин ташаббуси фарҳангпарварона дар баробари дигар иқдоми маънавии Сарвари давлат, аз ҷумла тақдими асари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» ба ҳар хонадон ба таҳкими ҳувияти миллӣ, болоравии маърифати фарҳангӣ ва бедории фикрии ҷомеа мусоидат менамояд.

Мардуми фарҳангдӯсти ноҳияи Ховалинг бо ифтихор таъкид карданд, ки ин туҳфаи пурғановати Пешвои миллат рамзи эҳтиром ба таърихи пурифтихори ниёгон ва пайванди устувор байни гузашта, имрӯз ва ояндаи давлатдории миллӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар идомаи татбиқи ин ташаббуси маънавии миллӣ инчунин соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор хоҳад шуд. Ин озмун, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир мегардад, бо мақсади таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи осори адабии ниёгон ташкил мешавад.

Сарпарасти озмун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои мукофотонидани ғолибон аз Фонди захиравии Президент 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 13, 2025 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид