Татбиқи марҳилаи чоруми Лоиҳаи метеорологии Финляндия ва Тоҷикистон баррасӣ гардид

Октябрь 23, 2025 08:36

ДУШАНБЕ, 23.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Самтҳои асосии ҳамкории минбаъда дар доираи марҳилаи чоруми Лоиҳаи метеорологии Финляндия ва Тоҷикистон аз мавзуъҳое буданд, ки дар вохӯрии Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода бо Роҳбари Институти метеорологии Финляндия, профессор Петтери Таалас баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вохӯрӣ дар доираи ҷаласаи ғайринавбатии Конгресси ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (Cg-Ext 2025) дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаҳои тақвияти иқтидори институтсионалӣ ва кадрӣ дар соҳаи ҳавошиносӣ ва обшиносӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар самти низоми огоҳии барвақти ҳолатҳои обуҳавошиносии фавқулода диққати махсус доданд. Ҷонибҳо аҳамияти ҳамгироии дастовардҳои илмию техникии муосирро дар самти пешгӯии фаврӣ ва дарозмуддати хавфҳои иқлимӣ ва обуҳавошиносӣ таъкид намуданд.

Мавзуи муҳим дар гуфтушунид инчунин амалӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи мониторинг ва моделсозии равандҳои атмосфера, баланд бардоштани самаранокии низомҳои миллии огоҳии барвақтӣ тавассути мутобиқ намудани таҷриба ва меъёрҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва амалӣ байни мутахассисони ду давлат, инчунин таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ дар бахши иқлимшиносӣ ва обуҳавошиносӣ буд.

Профессор Петтери Таалас пешрафти назарраси Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи марҳилаҳои қаблии лоиҳа баланд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки марҳилаи чоруми ҳамкорӣ қадами муҳим дар самти таҳкими низоми устувори илмӣ барои муқовимат ба таҳдидҳои иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Дар анҷом ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории судманд дар самти баланд бардоштани устувории иқлимӣ ва коҳиши осебпазирии минтақа дар баробари хатарҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим изҳори омодагии пурра намуданд.

АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 23, 2025 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид