Туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ расид
ДУШАНБЕ, 11.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақсими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавӣ — «Шоҳнома» ба ҳар як хонадони кишвар идома дорад. Имрӯз ин туҳфаи маънавии беназир ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар доираи ин иқдом, дар ҳафт ҷамоати деҳот ва Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шоҳасари мазкур ба 21 ҳазору 500 оила тақдим карда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҳамоҳангии сохторҳои дахлдор корҳои ташкилиро барои тақсими ин туҳфаи маънавӣ дар сатҳи баланд ба роҳ мондааст.
Зимни дарёфти ин туҳфаи пурқимат сокинони ноҳия изҳор доштанд, ки иқдоми Пешвои миллат намунаи олии таваҷҷуҳи давлат ба арзишҳои миллӣ ва эҳёи фарҳанги боифтихори ниёгон аст.
Таъкид гардид, ки «Шоҳнома» мактаби бузурги худшиносию хирад аст ва тақдими он ба ҳар хонадон имконият фароҳам меорад, то ҳар аъзои ҷомеа аз таъриху ҳувияти миллӣ огоҳии амиқтар пайдо кунад.
Мардуми ноҳия бо эҳсоси гарми ифтихор аз ин иқдоми Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки нашри навини «Шоҳнома» дар баробари дигар ташаббусҳои маърифатпарваронаи Сарвари давлат, аз ҷумла тақдими асари аллома Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» ба ҳар як хонадон, барои таҳкими худшиносию худогоҳӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву масъулияти шаҳрвандӣ саҳми арзанда мегузорад.
Изҳор гардид, ки ин туҳфаи безаволи Пешвои миллат на танҳо китоби хонадони ҳар тоҷик, балки раҳнамои маънавии ҳар як фарзанди миллат барои расидан ба ҳадафҳои олӣ, донишандӯзӣ, хирадварзӣ ва хизмати содиқона ба Ватан хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки ин иқдоми наҷиб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он, пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад.
Дар идомаи татбиқи ин ташаббуси маънавии миллӣ инчунин Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар соли 2026 баргузор хоҳад шуд. Ин озмун, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир мегардад, бо мақсади таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи осори адабии ниёгон ташкил мешавад.
Сарпарасти озмун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои мукофотонидани ғолибон аз Фонди захиравии Президент 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»













Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд






