ЗАБОНИ НАСРИ ОЛАМГИРИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи забони давлатӣ

Октябрь 5, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 05.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барои миллати тоҷик забон нишонаи давлату давлатдорӣ, фарҳангу маънавиёт буда, бозгӯйи таърихи тайкардаи миллат, таърихи алифбою анвои хат, китобдорӣ, ҳаёти кишоварзӣ, мусиқӣ, бозгӯкунандаи таърихи фалсафаю ҳикмат, тиб, риёзиёт, ситорашиносӣ, нишони маданияти бузурги луғатнигорӣ, ифодагари беҳамтои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили варзиш, кулолӣ, дуредгарӣ, дӯзандагию либосдӯзӣ ва чакан, рассомӣ, мусиқӣ, оҳангарӣ, коркарди пилла, истеҳсоли абрешим ва ғайра мебошад.

Забони тоҷикӣ барои миллати бузурги тоҷик забони шеъру суруд, забони насри оламгири ориёӣ аст, ки тавассути он шоҳкорҳои беназир офарида шудаанд. Ҳоло ҳар кадоме аз ин ҳунарҳо чун қабатҳои алоҳидаи соҳаҳои номбаршуда ҳазорон калимаро фаро мегиранд, ки дорои вожагони худию бегона мебошанд.

Забони тоҷикӣ дар дарозои таърих барои қавму миллатҳои гуногуни дунё, ки бо тоҷикон будубош доштаанд, забони дину давлатдорӣ, мактабу маориф, урфу одат, ҷашну маросим ва даҳҳо рукнҳои дигари зиндагӣ маҳсуб мешуд. Тавре аз осори гузаштагон маълум аст, онро новобаста аз қавму миллат ва нажод миллионҳо нафар чун забони пешрафтаи дунё медонистанд ва ҳамчун забони илм истифода мекарданд. Дар ин давраи дуру дарози таърих забони тоҷикӣ дар бархурди бузург бо қавму миллатҳои гуногуни дунё хазинаи вожагонии худро аз ҳисоби забони он қавму миллатҳо такмил дода, ба унвони забони муқтадири дунё арзи ҳастӣ кардааст. Дар ин росто ибрози ин нуктаро муҳим мешуморем, ки вомгирию вомдиҳии вожаҳо дар тамоми давру замон ҷараёни доимамалкунанда буда, вобаста ба рушду инкишоф ва пешрафти соҳаҳои ҳаёт дар ҷомеа вусъат меёбад ва ё камнур мегардад. Ин вижагӣ хоси забонҳои алоҳида набуда, дар ҷомеаи мутамаддин раванди ҳамешагӣ касб кардааст. Ҳодисаю воқеаҳои сиёсӣ ва ё тараққии ин ё он соҳа боиси ба вуҷуд омадани мафҳумҳое мегардад, ки барои ифодаи онҳо калимаю истилоҳоти нав зарур мешаванд.

Бо гузашти қарнҳо забони тоҷикӣ як идда хусусиётеро доро шудааст, ки метавон муҳимтарини онҳоро иброз намуд.

Ин забон саргузашти миллати тоҷикро чун оина дар худ мунъакис карда, бозгӯкунандаи таърихи пуршебу фарози зиндагонии мардумамон мебошад. Пешвои миллат, барҳақ, нигоштаанд, ки «забон, дар маҷмуъ, як қисмати муҳим ва ё ба иборати дигар, як бахши нигорандаи таърихи халқи мо буда, оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фарози он инъикос ёфтааст. Аз мутолиаи он мо дар бораи бисёр ҷанбаҳо ва масъалаҳои муҳимми ҳаёти гузаштагони хеш иттилое ба даст меоварем, ки ҳатто таърихнигорон ба онҳо камтар таваҷҷуҳ кардаанд. Масалан, аз рӯйи захираи вожагон ва истилоҳоти забон мо метавонем бо боварӣ дар бораи пешрафт ва ё заъфу сустии ягон соҳаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ дар давраҳои мухталиф қазоват кунем, аз ҷониби дигар, забон манбаи бисёр муътамад барои омӯзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни мо мебошад».

Забон дар ҳама давру замон барои муттаҳидии миллати тоҷик мусоидат кардааст. Дар душвортарин замони зиндагӣ миллати тоҷикро аз нобудӣ раҳо бахшида, ваҳдату ягонагии миллиро таъмин намудааст. Барои миллати куҳанбунёди мо дар қатори мафҳумҳои зиёди муқаддас вожаи «ваҳдат» аз арзиши маънавӣ ва ҳаётан муҳим бархурдор аст. Ҳамин мафҳум мардумро дар фазои иттиҳоду иттифоқ сарҷамъ меоварад ва сокинони як давлати воҳидро перомуни ормонҳои воло ба хотири рушду тараққии ҷомеа муттаҳид месозад. Ваҳдати миллӣ аслитарин унсури ташаккулу такомули ҷомеаи ҳар кишвари дар роҳи демократӣ қадамгузор мебошад. Дар душвортарин марҳилаҳои таърихӣ халқи тоҷик бо истифода аз забон ва захираҳои неруи маънавии хеш тавонистааст буҳронҳои хатарноки мудҳишро пушти сар гузорад.

Ҳамин нукта ҷолибу диққат аст, ки тақрибан тамоми аҳли адаби тоҷик, хосса шоирон, аз хурд то бузург тавассути забони ноби тоҷикӣ ба тасвиру тавсифи ваҳдат даст задаанд, ки худ рамзу нишони ҳусни тафоҳуми умумимиллӣ буда метавонад. Ва боз муҳим ин аст, ки ваҳдат дар калимаю ибора, қолаб ва таркиб, шаклу тасаввурҳои рангине ғунҷонида мешавад, ки дар батни худ дарки чанд ҷабҳаи онро фаро гирифтаанд: «ваҳдат», «ойини ваҳдат», «ганҷи миллат», «ватани ваҳдат», «рӯзи мурод», «ғазали сулҳ ва ваҳдат», «таронаи муҳаббат», «таронаи ягонагӣ», «суруди ваҳдат», «якдилӣ», «нидои ваҳдат» ва ғайра.

Забон осори оламшумули таърихӣ, фалсафӣ, тиббӣ, динӣ, ҳунарӣ, мусиқӣ, ситорашиносӣ, забоншиносию адабиётшиносии миллати тоҷикро дар шакли назму наср дар худ инъикос кардааст, ки барои муаррифии миллати тоҷик дар олам василаи беназир ба шумор меравад, ки овардани номгӯйи ин осор дар ин маврид ғайриимкон аст.

Забони тоҷикӣ дар тарбия ва таълими башарият тавассути осори тарбиявию ахлоқии ба қалами намояндагони миллати тоҷик офаридашуда саҳми беназир гузоштааст. Осори безаволи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ганҷинаҳои тобнокеро мемонанд, ки дар инъикоси ҳаёти миллати тоҷик беназир мебошанд. Ҳамчунин мероси адабию илмии устод Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон намунаи барҷастаи хизмати фидокоронаи миллати тоҷик ба башарият аст.

Забон ба унвони ҳимоятгари арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои ҳамешагии миллат баромад карда, барои худшиносию худогоҳии миллӣ хизматҳои мондагор кардааст. Дар давраи нави тараққиёти илму фановарӣ ба масъалаи худшиносӣ ва худогоҳӣ дар ҷумҳуриамон диққати ҷиддӣ дода мешавад, ки он ба боло рафтани иттилооти таърихӣ ва аз бар намудани дастовардҳои бешумори илмию адабиамон мусоидат мекунад. Тараққии забон бе омӯзиши осори пурғановати миллиамон ғайри қобили тасаввур аст. Ин аст, ки зимни чорабиниҳои давлатӣ нашри на танҳо осори марбут ба адабиёт, балки осори марбут ба сиёсат, дину мазҳаб, иқтисоду тиб ва ғайра низ дар назар аст ва то имрӯз ҳамасола ҷашни олимону шоирону адибон ва фозилону донишмандон таҷлил шуда, дар ин замина осори онҳо мунташир мегардад. Ин дар давраи нави таърихӣ ба афзудани ғановати забон мусоидат менамояд. Дар ин замина суханони пурҳикмати Пешвои миллат доруи дармони моянд, ки мефармоянд: «Зиндагиномаи забони мо саршор аз мисолҳои дурахшон дар бораи муҳаббат ба ватан, эҳтиром ба забону фарҳанги миллӣ ва қаҳрамонию ҷонбозиҳо дар роҳи дифоъ аз истиқлоли сарзамину давлати хеш аст, ки имрӯз барои дарки мавқеи худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, худшиносию худогоҳӣ ва кору хизмати содиқона ба ватан барои мо дарси ибратанд».

Забони тоҷикӣ чун забони ҷашну маросим ва анъанаҳои миллати тоҷик зи дурии замонаҳо то имрӯз хизмат кардааст. Ҷашнҳои бостонии Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон, ки мероси арзишманди гузаштагони мост, ба вусъати худшиносию худогоҳӣ ва болоравии ҳисси миллии сокинони мамлакат мусоидат кардааст. Аз нав зинда кардани ин ҷашнҳои бостонии миллатамон зинда кардани садҳо калимаи ноби мансуб ба онҳо мебошад.

Дар давраи нави тараққиёти давлатдории миллати тоҷик барои нишон додани дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ мусоидат кардааст. Истиқлоли давлатӣ низ дар навбати худ барои шукуфоӣ ва боландагии забон нақши бениҳоят калон дорад. Дар ин давра бо роҳбарии Сарвари муаззами миллати тоҷик, Пешвои миллати фарҳангсолорамон нисбат ба забон иқдоми беҳамтое пеш гирифта шуданд, ки онро таърихи забони мо ёд надорад. Ин иқдом ба таври мухтасар иборат аз ташкили Комиссияи татбиқи Қонуни забон (2005), қабули барномаҳои рушди забони давлатӣ (солҳои 2007-2012; 2012-2016; 2020-2030), эълон намудани соли 2008 ҳамчун Соли забони тоҷикӣ, қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони тоҷикӣ (2009), таҳия ва қабули «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ« (1998, 2011), «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» (2021), баргузории ҳамасолаи Рӯзи забони давлатӣ ва ғайра мебошанд.

Ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравии рӯзафзуни забони давлатӣ мусоидати ҳамешагӣ намуда, иқдоми сарнавиштсоз мебошанд.

Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва арзишҳои миллиест, ки ҳар миллате барои доштани он ифтихор карда, барои ҳифзи он тадбиру чора ва иқдоми зиёде карда, давоми мавҷудияташ корҳои шоистаеро анҷом медиҳад. Дар ҳама қавму миллатҳои дунё тавассути ин ганҷи бебаҳо ибдоли ҳуруф ба амал омада, алифбоҳои гуногун дар давраҳои мухталиф ба вуҷуд омада, ихтироот ва таърихи рӯзгори башарро иншо кардаанд. Иншои афкор дар сафолпораҳо, деворнигораҳо, сангпораҳо, кӯҳҳои сангин, пӯстҳо ва анвои гуногуни коғаз амалӣ шуда, аз будубоши миллатҳо дар минтақаҳои олам дарак дода, бозгӯйи маънавиёти онҳо мебошад.

Сахидод РАҲМАТУЛЛОЗОДА,
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»/муаллиф

Октябрь 5, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Бархе аз халқу миллатҳои дунё давоми садсолаҳо онро анҷом дода наметавонанд
ЭҲТИРОМИ ОМӮЗГОР — ЭҲТИРОМИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Омӯзгор ба сифати шахси мафкурасоз ва инсони ҷомеасоз шинохта мешавад»
Дар Душанбе маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон Латофат Кенҷаева баргузор гардид
Омӯзгор Бунафша Сарҳадова: «Ғамхории рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон моро ба пешаамон бештар ҳавасманд месозад»
Президенти Тоҷикистон: «Бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ»
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Ба корҳои ба раванди таълиму тарбия алоқаманд набуда ҷалб кардани омӯзгор манъ аст
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ЛАТИФУ НАФИС ВА ГУВОРО. Ҷойгоҳи он дар таҳкими мафҳумҳои иқтисодӣ назаррас аст
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2025 муайян карда шуданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Осорхонаи таърихи тиҷорати Гунди Шопури Эрон намоиши осори замони Сомониён ташкил мегардад
ДАСТГИРИИ ОМӮЗГОРОН. Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 30 фоиз зиёд гардид
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» оғоз гардид