РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРТОШКА. Ин зироат аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсол дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол менамояд
ДУШАНБЕ, 30.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 май Рӯзи байналмилалии картошка эълон гардидааст. Картошка яке аз зироати асосии хӯрока барои аҳолии кураи Замин ба шумор меравад. Дар Русия ва як қатор мамлакатҳои дигар картошкаро «нони дуюм» меноманд. Дар Тоҷикистон ҳам ба парвариши картошка аҳамияти хоса дода шуда, барои равнақи он барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
— Мувофиқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсолӣ, картошка дар ҷаҳон ҷои сеюмро, баъди гандум ва шолӣ ишғол менамояд. Ин зироат ҳар сол дар ҷаҳон дар майдони бештар аз 20 миллион гектар кишт гашта, аз он бештар аз 300 миллион тонна ҳосил ба даст оварда мешавад.
Тибқи иттилои коршиносон, аз лундаҳои картошка зиёда аз 200 намуди таомҳо тайёр менамоянд. Яке аз хусусиятҳои хуби лундаҳои картошка дар он зоҳир мегардад, ки сафедаҳои онҳо дар организм ба осонӣ ҳазм гашта, ба сафедаи шир хеле шабоҳат доранд. Лундаҳои картошка ҳамчун хӯроки серғизои одамон, ҳайвонот ва ашёи хом дар саноати сабук истифода мегарданд.
Хусусияти хоси картошка ин аст, ки миқдори зиёди витамини В6 дорад, дорои миқдори зиёди микроэлементҳо, аз қабили калий, мис, фосфор ва кислотаи никотин мебошад. Инчунин барои организм антиоксидант аст, зеро дорои фитонутриент мебошад, ки пайвастагиҳои зарароварро тоза мекунад. Сафедаҳое, ки дар таркиби сабзавот мавҷуданд, ба нест кардани радикалҳои озод мусоидат менамоянд, ки он ба зебоӣ ва чандирии пӯст таъсир расонида, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ менамояд.
Картошкаи обпаз барои кам кардани вазн кумак мекунад. Вале истеъмоли зиёди картошкаи бирён вазни инсонро бештар месозад. Зеро дар он миқдори зиёди чарбҳо ва карбогидратҳо мавҷуд аст, ки сабаби афзоиш ёфтани вазни бадан мегарданд.
Ба иттилои олимони соҳаи кишоварзӣ, картошка дар системаи киштгардони зироат ҳамчун зироати пешкиштшаванда хуб дониста мешавад, зеро баъди кишти он қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона хеле кам мешаванд.
Картошкапарварӣ дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳим маҳсуб мешавад. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ мамлакати аз ҳама зиёд картошкапарвар аст. Меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон барои як нафар дар як сол 92 килограмм аст. Яъне, барои таъмини аҳолии мамлакат дар як сол тақрибан 830 ҳазор тонна картошка истеҳсол кардан зарур аст.Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна картошка истеҳсол гардидааст.
Дар Тоҷикистон картошка дар минтақаи водии Рашт, ноҳияҳои вилояти Хатлон, баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, водии Ҳисор ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвариш мешавад, ки навъи беҳтарини он ба минтақаи Рашт рост меояд.
Ба маълумоти олимони соҳаи кишоварзӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини бештари аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз истифодаи самараноку оқилонаи замин ва захираи ин навъи маҳсулот вобаста мебошад.
Коршиносон бар ин назар ҳастанд, ки захира намудани навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ тавозунро дар бозори истеъмолӣ нигоҳ дошта, сокинон бо маҳсулоти ватанӣ таъмин мегарданд. Барои гирифтани ҳосили фаровон кишоварзон бояд аз техника ва усулҳои муосир низ истифода намоянд. Ҳамчунин сохтани анбори муосири нигоҳдорӣ зарур аст, зеро бо вуҷуди истеҳсоли зиёди картошка агар шароити мувофиқи нигоҳдорӣ вуҷуд надошта бошад, қисми зиёди маҳсулот талаф меёбад.
Бо мақсади рушди соҳа дар Тоҷикистон ҳамасола Фестивали намоиш-фурӯши картошка баргузор мешавад. Баргузор намудани фестивал дар даврони соҳибистиқлолӣ падидаи нав буда, барои густариш додани картошкапарварӣ, амалӣ намудани усули нави истеҳсолот ва ба роҳ мондани тарзу таҷрибаи муосир дар истеҳсоли ин зироати серғизо равона шудааст. Ҳадафи асосӣ ин аст, ки картошка бо сифати баланд ба мардум пешниҳод карда шавад. Дар намоишгоҳ кишоварзони мамлакат навъҳои гуногуни ин маҳсулотро бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш мебароранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди металлургияи сиёҳ сармоягузорӣ ба ояндаи Тоҷикистон аст»
Дар шаш моҳи соли равон 691,1 миллион дона тухм ва 21,1 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ баррасӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҷмааи металлургии Тоҷикистон даҳҳо корхона ва ҳазорон ҷойи нави кор таъсис медиҳад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди металлургия яке аз афзалияти сиёсати саноатии давлат аст»
ПИРЯХИ ТОҶИКИСТОН — БУЗУРГТАРИН ПИРЯХИ КӮҲИИ САЙЁРА. Омӯзиши он бояд ҳамчун вазифаи муҳими илмӣ ва давлатӣ идома ёбад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон нахустин маҷмааи мукаммали металлургияи сиёҳ бунёд мегардад»
Дар Тоҷикистон суръати интернети мобилӣ панҷ баробар афзоиш ёфтааст
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 1,1 миллион мусофир хизмат расонидааст
То соли 2029 дар корхонаҳои металлургӣ, семент ва коркарди маъдани Суғд беш аз 3000 ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи беш аз 73 миллион доллар нахи пахта содирот гардид






