35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беш аз 1 километр роҳи мошингарди ноҳияи Ёвон таъмиру навсозӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Фирдавсии Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон беш аз 1 километр роҳи мошингарди байни деҳаҳо мумфарш гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ медиҳад.
Дар қисматҳои дигари роҳ корҳои рехтани шағал ва тахту ҳамворкунӣ идома доранд. Барои иҷрои босифати ин корҳо техника ва таҷҳизоти зарурии муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии ноҳия ҷалб гардида, кормандон ба таври самаранок фаъолият доранд.
Таъмиру навсозии роҳҳои мазкур бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону шахсони саховатманд ва дастгирии сокинон амалӣ мегардад.
Пас аз истифода додани роҳҳои байни деҳаҳо на танҳо барои ҳаракати нақлиёт ва аҳолӣ осон мегардад, балки ба беҳтар шудани инфрасохтори деҳа, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва боло рафтани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат хоҳад кард.
Инчунин аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шараф»-и деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо мақсади бетонпӯш намудани роҳҳои мошингарди ҳудуди ин деҳа ба ҳашари умумӣ баромаданд.
Зимни ҳашар масъулин бо сокинон суҳбат намуда, иброз доштанд, ки роҳсозӣ яке аз амалҳои хайру савоб ба шумор меравад. Ҳамзамон барои ҳар он нафаре, ки дар ин иқдоми хайрхоҳона ва шоистаи таҳсин саҳмгузорӣ менамоянд, изҳори сипос намуданд.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон аз ҳамдигар таҷриба карда, пайи ҳам роҳҳои ҳудуди деҳу маҳаллаҳоро тавассути ҳиссагузории дастаҷамъона мумфарш карда, ҳамчунин ҷароғонкунӣ, навсозии ҷуйборҳои обпартои канори роҳҳо ва дигар амалҳои марбутаро анҷом медиҳанд.
АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон













СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид






