35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Роҳҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявии шаҳри Турсунзода мумфарш ва бетонпӯш карда шуданд
ТУРСУНЗОДА, 18.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми соҳибкорону сокинон зиёда аз ду километр роҳи деҳаи Аскаралӣ Мирзоеви Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов мумфарш карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Зимни иштирок дар таъмири роҳ раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ба саҳмгузорони ин амали нек миннатдорӣ изҳор намуда, маслиҳат дод, ки таъмири роҳро бо сифати баланд анҷом диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз дар шаҳри Турсунзода ба маблағи 34 миллиону 701 сомонӣ 65,3 километр роҳҳои маҳаллию дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мумфарш ва 30 километр роҳҳои маҳаллӣ бетонпӯш карда шудаанд. Мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ дар шаҳри Турсунзода идома дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






