Баргу хазонро насӯзонед, зеро он ба муҳити зист ва саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад!
ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» сӯзонидани ҳама гуна партовҳо, аз ҷумла баргу хазон қатьиян манъ мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо назардошти он ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ фасли хазонрез ҳукмрон аст, ҳамарӯза дар миқёси мамлакат дар натиҷаи рубӯчини кӯчаҳо ҳаҷми зиёди баргу хазон ҷамъоварӣ мешавад.
Дар раванди сӯзонидани хазон моддаҳои заҳрнок ҳосил гардида, ба муҳити атроф паҳн мешаванд ва ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ҷумла, беморони роҳҳои нафас ва дилу рагҳо аз ин ҳолат ранҷ кашида, ҳолаташон метавонад бад гардад.
Аз ин рӯ, нозирони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист мунтазам назорати давлатиро оид ба пешгирии хазонсӯзӣ амалӣ намуда, барои ба роҳ мондани тартиби дурусти нобудсозии хазон ба сокинон тавсия медиҳанд.
Нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ дар ин самт назоратро пурзӯр намуда, дар ин давра барои ифлос намудани ҳавои атмосфера 2076 ҳолати қонуншиканиро ошкор карда, 2137 санади маъмурӣ тартиб додаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






