Дар Ҳафтаи байналмилалии оби Корея аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба обу иқлим ёдовар шуданд

Ноябрь 13, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар шаҳри Тегу Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром дар Ҳафтаи байналмилалии оби Корея иштирок намуда, дар панелҳои сатҳи баланд сухан гуфт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Корея хабар доданд, дар ҷараёни чорабинӣ Сафир дар панелҳои «Пешсафони мавзуи об» ва «Ҳамоиши шарикии ҷаҳонӣ: Ҳамкории рушд барои бехатарии об» иштирок намуда, оид ба саҳми фаъоли Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим ва таҷрибаи Раванди оби Душанбе сухан намуд.

Салоҳиддин Киром таъкид кард, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва иқлим, аз қабили Қатъномаи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва пешбурди амнияти обӣ дар ҷаҳон нақши муҳим доранд.

Сафир инчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати  пешсаф дар масъалаҳои об ва иқлим ҳамеша омода аст барои таҳкими ҳамкории кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти истифодаи самараноки захираҳои обӣ саҳм гузорад.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Корея

 

 

Ноябрь 13, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд