Дар Федератсияи Русия бахшида ба бузургдошти Аҳмади Дониш конфронси байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия бахшида ба бузургдошти маорифпарвар Аҳмади Дониш таҳти унвони «Идеяҳои ислоҳотхоҳии Аҳмади Дониш ҳамчун пояи рушди маърифатпарварӣ дар Осиёи Марказӣ» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар конфронс намояндагон аз Арманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Эрон, Африқо, олимону муҳаққиқон, коршиносони масоили байналмилалӣ, муаррихон, коршиносони соҳаи таърих, намояндагони доираҳои илмии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мутахассисони соҳаҳои гуногун аз минтақаҳои Федератсияи Русия ба таври ҳузурӣ ва онлайнӣ иштирок намуданд.
Зимни конфронс иштирокчиён доир ба фаъолияти Аҳмади Дониш ва таъсири он ба ташаккули афкори ҷамъиятию сиёсӣ, рушди маориф ва фарҳанг дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи назар намуданд.
Иброз гардид, ки маҳз рисолатҳои маорифпарваронаи ӯ ба фарҳанг, таълим ва дипломатияи ҷамъиятӣ, инчунин ба равобити байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавӣ асос гузошт.
Конфронс дар се бахш баргузор гардида, дар он муҳаққиқону донишмандон дар мавзуъҳои «Рисолати маорифпарварии Аҳмади Дониш ва нақши ӯ дар тақвияти дипломатияи ҷамъиятӣ», «Ҳамкории фарҳангии Русия ва Тоҷикистон: заминаҳои таърихӣ ва дурнамои рушд», «Робитаҳои таърихӣ ва сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия» маъруза намуданд.
Дар фарҷоми конфронс қатънома қабул карда шуд, ки дар он ҳадафҳо ва тавсияҳо оид ба рушди ҳамкории илмӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳо, таҳкими дипломатияи ҷамъиятӣ ва густариши ҳамгироии минтақавӣ баён шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»













РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид






