Дар Кувайт ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон таҷлил гардиданд

Ноябрь 20, 2025 11:17

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт бахшида ба рӯзҳои Истиқлоли давлатӣ, Конститутсия ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои Давлати Кувайт, намояндагони баландпояи Девони амирӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқим, ширкатҳои сайёҳӣ, тоҷикони муқими Кувайт, донишҷӯён ва доираи васеи васоити ахбори омма ҳузур доштанд.

Дар макони чорабинӣ гӯшаҳои махсус, аз ҷумла гӯшаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гӯшаи сайёҳӣ ва хӯрокҳои миллӣ бо шиору овезаҳои ҷашнӣ, китобҳо, манзараҳо ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, меваҳои тару тоза, хушкмева, нону кулча, анвои гуногуни таомҳои миллӣ оро дода шуданд. Ҳамзамон ба меҳмонон оид ба дастовардҳои даврони Истиқлол, хидматҳои бузурги таърихӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва ташаккули давлатдории миллӣ ва рӯйдодҳои муҳимму сарнавиштсози таърихи навини тоҷикон наворҳои кӯтоҳ ба маъраз гузошта шуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода, оид ба ба аҳаммият ва арзишҳои ин санаҳои таърихӣ дар назди ҳозирин сухан гуфта, дастовардҳо ва нақши Пешвои миллат дар барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдату пойдории миллӣ, инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ ва тарҳрезӣ ва пешбурди сиёсати хориҷии муваффақ таъкид намуд.

Таъкид гардид, ки маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии мо дар тақвияти давлатдорӣ, таҳкими мавқеъ ва пешбурди манфиатҳои миллии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ рушд ёфта имрӯз, истиқлолияти Тоҷикистонро 192 кившар расман эътироф ва 186 кишвар бо мо робитаи дипломатӣ барқарор кардаанд.

Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ бозии бурднок тавассути қуръакашӣ ба мақсади муаррифӣ намудани иқтидор ва имконоти сайёҳӣ ва сармоягузории кишвар аз ҷониби ширкати ҳавоии ALJAZEERA ду адад чиптаҳои рафтубаргашти ройгон дар масири Ал-Кувайт -Душанбе барои меҳмонон гузаронида шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

 

Ноябрь 20, 2025 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд