Дар Риёз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

Ноябрь 17, 2025 17:16

ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар шаҳри Риёз бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд, чорабинии мазкур дар Деҳаи олимпии Риёз бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ иштирок менамоняд, инчунин тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва намояндагони воситаҳои  ахбори омма  роҳандозӣ шуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ дар хусуси  хидматҳои бузурги таърихӣ ва талошҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ, ҳифзи истиқлолу тамомияти арзии Тоҷикистон, таъмини суботи сиёсӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ, раванди дастёбии кишвар ба дастовардҳои фарогир дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа  ва инчунин баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маълумот дод.

Таъкид гардид, ки ҳузури фаъол ва муваффақи варзишгарони тоҷик дар даври шашуми Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки дар Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, аз таваҷҷуҳи назарраси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳбарии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди варзиш ва тавонмандсозии ҷавонону варзишгарони мамлакат дарак медиҳад.

                        АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ       

 

Ноябрь 17, 2025 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд