Дар саммити COP-30 ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Саммити роҳбарон, ки дар доираи 30-юмин ҷаласаи Конфронси тарафҳо дар бораи Конвенсия оид ба тағйирёбии иқлим /COP-30/ дар шаҳри Белени Бразилия баргузор гардид, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо изҳороти расмӣ баромад намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита иттилоъ медиҳад.
Баҳодур Шерализода ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси калидии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи гузаронидани нахустин конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба нигоҳдорӣ ва ҳифзи пиряхҳо ёдоварӣ намуд. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, платформаи таърихӣ барои расидан ба консенсуси таърихӣ дар бораи аҳаммияти нигоҳдорӣ ва ҳифзи пиряхҳо ва ёфтани ҳалли мушкилии глобалии обшавии онҳо гардид.
Баҳодур Шерализода таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, ин масъалаи муҳимро ба чунин сатҳи баланди рӯзномаи байналмилалӣ бардоштааст. Ҳарчанд ҳиссаи мамлакат дар тағйирёбии глобалии иқлим кам аст, таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳои худ дар доираи Созишномаи Париж ва қадамҳои минбаъда барои амалӣ кардани ташаббусҳо дар соҳаи нигоҳдорӣ, ҳифзи пиряхҳо ва устувории иқлимӣ содиқ боқӣ мемонад.
Ҳамчунин Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» маълумот дод. Дар доираи амалӣ намудани ин барнома дар Тоҷикистон қариб 2 миллиард бех дарахт шинонида мешавад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид






