Дар Тоҷикистон паёмрасони миллӣ- ORIZ ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» паёмрасони нави миллӣ бо номи ORIZ ба фаъолият оғоз намуд.
Тавре аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин барнома барои таъмини иртиботи осон, босифат ва бехатар байни шаҳрвандони мамлакат, тоҷикони бурунмарзӣ ва тамоми корбарони интернет таҳия гардида, ҳадафи он фароҳам овардани муҳити рақамии ватанӣ ва боэътимод мебошад.
Дастрасӣ ба паёмрасони миллӣ- ORIZ дар тамоми давлатҳо имконпазир аст. Он метавонад паёмҳои матнӣ, овозӣ, видеоӣ, файлҳо, аксҳо ва видеоҳоро бе маҳдудият ирсол намояд, инчунин дар ташкили видеоконфронсҳо тавассути пайванд, ҳатто бе сабти ном дар сатҳи баланд имкон фароҳам меорад.
Иттилоъ дода шуд, ки яке аз бартарияти ORIZ самаранокӣ дар шароити суръати пасти интернет мебошад. Азбаски серверҳо ва маркази маълумоти он дар дохили мамлакат ҷойгир шудаанд, корбарон метавонанд ҳатто бо интернети пастсуръат низ паём ирсол кунанд, занг зананд ё видеоконфронс баргузор намоянд.
Ин бартарӣ барои минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ ва муҳоҷирони тоҷик дар хориҷи мамлакат муфид аст. Зеро аксари барномаҳои хориҷӣ танҳо дар шароити интернети баландсуръат хуб кор мекунанд.
Таъсиси ин платформаи миллӣ метавонад қадами ҷиддӣ ба сӯйи итстиқлоли рақамии Тоҷикистон бошад.
ORIZ бо тарҳи муосир, интерфейси сода ва танзимоти техникии мувофиқ таҳия карда шудааст. Ба фаъолият оғоз намудани чунин платформаҳои ватанӣ дар шароити рақобати ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон низ дорои имкони таҳияи барномаҳои баландсифат ва амн бо истифода аз иқтидори ватанӣ мебошад.
Пайвастшавӣ ба ORIZ дар телефонҳои Android (дар Google Play), iOS (дар App Store) ва барои компютерҳои Windows ва Mac, инчунин тавассути веб-версия низ дастрас мебошад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






