Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав

Ноябрь 15, 2025 16:50

ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо иштироки кормандон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Вазири саноат ва технологияҳои нав Тоҷикистон Шералӣ Кабир таъкид кард, ки хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлат ва ҷомеа бузург ва сарнавиштсоз мебошанд.

Шералӣ Кабир ҳамчунин таъкид намуд, ки маҳз бо роҳбарии оқилона ва бунёдкоронаи Сарвари давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас дар ҳама самтҳо ноил гардида, пояҳои давлатдории миллӣ беш аз пеш таҳким меёбанд.

Дар идомаи маҷлис собиқадори меҳнат Мусоева Рафиқа оид ба ҷанбаҳои таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангии фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Ҳамчунин дар фароварди маҷлис маърӯзачиён ба нақши Сарвари давлат дар таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои иқтисод, маориф, фарҳанг ва сиёсати хориҷии мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 15, 2025 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд