Дар Женева роҳҳои пешгирии зарар ба соҳаи кишоварзӣ аз офатҳои табиӣ баррасӣ гардид

Ноябрь 20, 2025 11:04

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева дар мавзуи «Аз огоҳсозӣ то амал: ҳифзи воситаҳои соҳаи кишоварзӣ пеш аз рӯй додани офатҳои табиӣ» чорабинӣ баргузор намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, чорабинӣ дар ҳамбастагӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO), Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNDRR) ва Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода оид ба ташаббуси «Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама» ва аҳамияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути рӯнамо маълумот дод.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид

 

Ноябрь 20, 2025 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд