Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18–19 ноябр дар Пекин таҳти унвони «Бунёди муштарак ва босифати ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ»: консепсияҳо ва амал» симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Симпозиум бо ташаббуси Институти Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии назди Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ташкил шуда, коршиносон, муҳаққиқон ва намояндагони кишварҳои гуногун, ки дар татбиқи ин ташаббусҳо саҳм доранд, иштирок намуданд.
Барномаи симпозиум аз якчанд бахш иборат буд, ки ба самтҳои асосии татбиқи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» бахшида шуда буданд. Иштирокчиён идоракунии глобалӣ, дурнамои ҳамкории амалӣ, таъсири иҷтимоию иқтисодии ин ташаббус ва аҳамияти мубодилаи фарҳангиро баррасӣ карданд.
Дар симпозиум Хайриддин Усмонзода аҳамияти ташаббуси Чин оид ба идоракунии глобалиро, ки дар саммити Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳод шудааст, ҳамчунин муҳимияти мутобиқсозии сохторҳои байналмилалиро ба таҳдидҳои муосир таъкид кард. Ба назари мавсуф, ташаббусҳои глобалии Чин ба рушди инсоният такони нави зеҳнӣ мебахшанд ва нақши Созмони ҳамкории Шанхайро дар равандҳои ҷаҳонӣ тақвият медиҳанд.
Хайриддин Усмонзода рушди фаъолонаи ҳамкории Тоҷикистону Чин, хусусан дар соҳаҳои саноат ва сармоягузориро таъкид намуд. Директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон махсусан оид ба сармоягузориҳои назарраси Чин дар соҳаи истихроҷи маъдани мамлакат, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои бузург дар шаҳри Истиқлол ба маблағи умумии зиёда аз 600 миллион доллар, ҳамчунин нақшаҳо оид ба густариши минбаъда ва татбиқи технологияҳои муосир маълумот дод.
Таъкид гардид, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба марҳилаи нави рушд ворид мешаванд ва дастгирии ташаббусҳои Чин бори дигар мувофиқати онҳоро ба талаботи замон дар шароити муосир собит мекунад.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд






