Доир ба афзалияти татбиқи манфиатҳои муҳими Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Афзалияти татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ» ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ҳамоиш масъалаҳои таҳлили назариявии шинохти манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи муносибатҳои боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, тасмимҳои давлатӣ барои ҳимоя ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, эҷоди навори амниятӣ дар марзҳои мамлакат, мусоидат ба фаъолияти созандаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, афзалияти татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳими иқтисодӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасии ҳамаҷонибаи коршиносон қарор гирифтанд.
Иброз гардид, ки шинохти назариявии манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ, инчунин манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир ва тағйирпазири ҷомаи ҷаҳонӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба шумор меравад. Дар ин замина таъмини манфиатҳои миллӣ, дарки дурусти манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон омили таъмини рушди устувори соҳаҳои ҳаёти мамлакат мегардад.
Масъалаи дастёб шудан ба ҳадафҳои муҳиму стратегии Тоҷикистон, ки дар низоми манфиатҳои миллии давлат ҷойгоҳи махсусро соҳиб мебошад, мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.
Тазаккур дода шуд, ки манфиатҳои миллӣ вобаста ба шароит ва вазъияти мавҷуда, рушди босуръати техника ва технология метавонанд шаклан ва моҳиятан тағйир ёбанд, вале манфиатҳои ҳаётан муҳимми давлатӣ, новобаста аз вазъияту шароити минтақа ва ҷаҳон аҳаммияти аввалиндараҷа доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






