Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар Форуми ҳамкории Чин – Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 8 ноябр дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми 12-уми ҳамкории Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар форум Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки ҳамкории судманд, махсусан дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории минтақавӣ дар қолаби Осиёи Марказӣ ва Чин ба сатҳи баланд расидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси неку созандаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин «Як камарбанд, як роҳ»-ро комилан дастгирӣ намуда, дар ин самт якчанд лоиҳаҳои муҳими инфрасохтори минтақавӣ дар соҳаҳои стратегӣ, аз қабили маориф, нақлиёт, энергетика ва саноатро якҷоя ба роҳ мемонад.
Дар идомаи силсилачорабиниҳо муовини Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Раиси Шурои машваратии сиёсии мардумии Чин, Раиси Кумитаи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ хонум Шэн Юэюэ мулоқот намуд.
Шэн Юэюэ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои обу иқлим, пешгирӣ аз хатари экстремизму террроризм дар минтақа ёдовар шуда, омодагии Чинро барои татбиқи босамари рушди иқтисоди «сабз», таҳкими амнияти озуқаворӣ, ҳамгироии технологӣ, мактабу маориф, рушди сайёҳӣ ва табодули таҷрибаи кор бо ҷавонон баён намуд.
АКС аз манбаъҳои боз









Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд






