Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи бастубанди маҳсулоти маишию техникии ҶДММ «Файз Нур-ТВ»- ро ифтитоҳ намуданд

Ноябрь 19, 2025 09:10

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии рақами 2-и шаҳри Истаравшан корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Нур-ТВ»-ро бо бренди миллии Нур ифтитоҳ намуданд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бародарон Файзиевҳо дар масоҳати умумии 2 гектар бунёд гардидааст.

Иншоот дар деҳаи Куҳандижи деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан ҷойгир буда, аз 4 сехи истеҳсолӣ, анборхона, ошхона ва бинои маъмурӣ иборат мебошад.

Маблағи умумии сармоягузорӣ дар корхонаи мазкур 6 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Аз корхонаи фаъолшуда бинои якумаш ба ду хатти технологию истеҳсолӣ ба бандубасти оинаҳои нилгуни замонавӣ, СМАРТ ТВ-ҳо нигаронида шудааст, ки маҳсулоташ ивазкунандаи воридот ва ҳам ба содирот нигаронидашуда мебошад.

Дар бинои дуюми корхонаи мазкур истеҳсоли техникаҳои маишӣ аз қабили плитаи газиву барқӣ ба роҳ монда шудааст. Баробари ба истифода қарор додани корхона 50 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Маоши коргарон то 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар оянда бо омода шудани 2 бинои дигари корхона соҳибкорони ватанӣ нақша доранд, истеҳсолотро тақвият бахшида, банду басти яхдон, ҳавохунуккунак (кондиционер), таҷҳизоти гармидиҳӣ, чангкашак ва мошинаи ҷомашӯиро ба роҳ монанд.

Маҳсулоти умумии бастубандшаванда дар корхонаи мазкур 9 навъи техникаҳои маишӣ мебошад.

Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша иқтидори ҳаҷми истеҳсолот дар як сол 40 ҳазор адад техникаҳои маиширо ташкил медиҳад.

Шумораи зиёди ашёи лозима барои бандубаст аз дохили кишвар бо харҷи нисбатан кам дастрас мешавад ва ин омил боиси коҳиш ёфтани арзиши аслии маҳсулот ва арзон шудани нархи он дар бозор мегардад.

Корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Нур» бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизот ва техникаи муосири истеҳсолии ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯй муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар тамоми хатти истеҳсолот ва бандубаст технологияи муосири рақамӣ истифода мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Истаравшан дар доираи эълон гардидани солҳои 2021-2026 Саноатикунонии босуръати кишвар корхонаҳои саноатӣ ба 103 адад расонда шуда, маҷмуи маҳсулоти истеҳсолӣ дар панҷ соли охир ба зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ баробар гардидааст. Дар корхонаҳои саноатии шаҳр 75 номгӯйи маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол карда мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои ин иқдоми бунёдкоронаву созанда изҳори сипос намуданд.
Ба истифода додани корхонаи бастубанди маҳсулоти маишию техникии ҶДММ Файз Нур-ТВ дар шаҳри Истаравшан 19.11.2025

Ноябрь 19, 2025 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд