Портали хизматрасониҳои давлатӣ дар реҷаи пилотӣ ба фаъолият оғоз намуд

Ноябрь 18, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Портали хизматрасониҳои давлатӣ (khizmat.ehukumat.tj)  дар реҷаи пилотӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Барои мусоидат ба аҳолӣ бобати истифодаи портал ва баҳрабардорӣ аз хизматрасониҳо дастрасӣ ба Маркази хизматрасониҳои давлатӣ осон, шаффоф ва рақамӣ мегардад. Яъне, шаҳрвандон метавонанд пас аз анҷоми айнияткунонӣ озодона ва бе маҳдудият аз хизматрасониҳои ин портал истифода баранд.

Дар Маркази хизматрасониҳои давлатӣ барои содаю осон кардани пешниҳод ва муроҷиати шаҳрвандон хизматрасонӣ ба таври электронӣ анҷом дода мешавад.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

 

Ноябрь 18, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон моҳи октябр сатҳи оби дарёҳо кам гардидааст
Байни Тоҷикистон ва Чин ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад
Парвозҳои мустақим дар самти Машҳад – Душанбе – Машҳад оғоз гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи мониторинги пиряхҳо, газҳои гулхонаӣ ва сифати ҳаво Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва вилояти Қазвини Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар 7 сол 30 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Дар ноҳияи Деваштич шудгори заминҳо оғоз гардид
Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар рушди энергетикаи устувор намоиши аксҳо доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 611 гектар замин шудгор карда мешавад
Дар Хатлон беш аз 30 ҳазор зан ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст