Шараф Шерализода бо Директори иҷроияи Маркази ҷануб мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Директори иҷроияи Маркази ҷануб (South Centre) Карлос Корреа мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷануб (South Centre) дар самтҳои иқтисодиёт, сармоягузорӣ, андозбандӣ ва тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маркази мазкур соли 1995 таъсис ёфта, ба пешниҳоди таҳлилҳо ва кумакҳои техникӣ дар самтҳои иқтисодиёт, сармоягузорӣ, андозбандӣ, тандурустӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд
Дар Лондон машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир баргузор шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрӣ бо раис ва аъзои гурӯҳи ҳамаҳизбии Парлумони Подшоҳии Муттаҳида барои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Женева дар доираи иҷлосияи 61-уми Шурои ҳуқуқи инсони СММ чорабинии канории Тоҷикистон баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Парлумони Гурҷистон мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳамватанон, донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Бошқирдистони Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми донишгоҳҳо ва илм байни Олмон ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шурои намояндагони доимӣ баргузор гардид
Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда ба Тоҷикистон меояд






